Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозӣ дар яке аз мактабҳои Омаҳа


Як шахси мусаллаҳ дар яке аз мактабҳои шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи Амрико тирандозӣ кард. Намояндаи полиси шаҳр Ҷей Беттин изҳор намуд, ки дар ин ҳодиса ба нафаре аз толибилмон осеб нарасидааст, ва аммо ду нафар аз калонсолон ҷароҳат бардоштаанд. Дар бораи ҳуввияти маҷрӯҳон ва вазъи сиҳати онҳо алҳол иттилоъ зери даст нест.
Масъулини полис ҳамчунин гуфтанд, ки дар яке аз хиёбонҳои шаҳр дар мошине ҷасади гумонбари ҳамларо пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ яке аз шогирдони собиқи ҳамин мактаб будааст.
XS
SM
MD
LG