Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозо ба Озарбойҷон ва Туркманистон сафар мекунад


Жозе Мануэл Баррозо, раиси Комиссиюни Аврупо, ҳайати мансабдорони воломақоми аврупоиро сарварӣ хоҳад кард, ки ба зудӣ аз Озарбойҷон ва Туркманистон боздид мекунад. Дар ҷараёни ин сафар асосан мавзӯъи интиқоли газ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз тариқи лӯлаи гази “Набукко” баррасӣ хоҳад шуд. Бунёди ин хатти лӯлаи газ ҳамин сол шурӯъ мешавад. Брюссел умедвор аст, ки баъди бунёди “Набукко” вобастагии кишварҳои аврупоӣ аз гази Русия коҳиш хоҳад ёфт. Қарор аст, тавассути ин лӯлаи газ ҳамасола ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо тақрибан 31 миллиард метри мукааб газ ворид шавад.
XS
SM
MD
LG