Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Соҳили Оҷ нерӯҳои нави СММ интиқол меёбанд


Ба Шӯрои амнияти СММ дархост барои интиқоли боз тақрибан 2 ҳазор посдорони сулҳ ба кишвари Соҳили Оҷ ироа хоҳад шуд. Ален Ле Руа, раҳбари раёсати амалиёти посдорони сулҳи СММ, дар ин бора хабар дод ва изҳори умедворӣ намуд, ки нерӯҳои иловагӣ ба хотири дифоъ аз раҳбари мухолифини Соҳили Оҷ Алассон Уаттар ҳафтаи наздик ба ин кишвари Африқои ғарбӣ фиристода хоҳанд шуд.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ пирӯзии Уаттар дар интихоботи раёсатҷумҳуриро эътироф кардааст ва аммо раисиҷумҳури феълӣ Лоран Гбагбо аз интиқоли қудрат ба рақибаш сарпечӣ ва барои шумориши такрории раъйҳо пойфишорӣ мекунад. Бар асари задухӯрдҳо миёни ҷонибдорони Гбагбо ва Уаттар дар Соҳили Оҷ даҳҳо нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG