Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 3 нафар дар даргириҳои Қирғизистон


Дар як даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии Қирғизистон ва гурӯҳи мусаллаҳ дар канораи шаҳри Бишкек ду гумонбаршудаи куштори кормандони милиса ва як афсари умури дохилӣ ба ҳалокат расидаанд. Яке аз мусаллаҳон боздошт шудааст.

Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, дар ин даргирӣ, ки дар рустои Бешқунғайи наздикии Бишкек ба вуқӯъ пайваст, як узви гурӯҳи махсуси "Алфа" ҳам ҳалок шудааст. Ҷараёни амалиётро метавонед дар ин навори видео дид:



Вазири умури дохилии Қирғизистон, Зорилбек Русалиев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду тан аз мусаллаҳон кушта ва яке аз онҳо дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ин се нафар, рӯзи сешанбе се корманди пулисро ҳангоми таҳқиқи санадҳояшон дар хонае дар шаҳри Бишкек кушта ва ба ин русто фирор кардаанд.

Ин афрод ҳамчунин ба даст доштан дар чанд ҷинояти дигар гумонбар буда, бино бар гуфтаҳои мақомоти амниятии Қирғизистон ба гурӯҳи "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" рабт доштаанд. Вазорати умури дохилии Қирғизистон пас аз воқеаи қатли кормандони милиса дар Бишкек акси 6 танро мунташир кард, ки ҳамагӣ зодагони Қирғизистон буда, аз 24 то 38 сол доштаанд ва ба ин куштор айбдор шудаанд.
XS
SM
MD
LG