Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқтадо Садр ба Ироқ баргаштааст


Муқтадо Садр, рӯҳонии шиъамазҳаби ироқӣ, ки бо мавзеъгирии зиддиамрикоиаш шинохта шудааст, баъди тақрибан се сол ба Ироқ баргаштааст. Мазон Ал-Саъдӣ, яке аз пайравони Муқтадо Садр дар Бағдод хабари бозгашти ин рӯҳониро таъйид кард. Ба гуфтаи ӯ, Муқтадо Садр, бозгашта барои зиёрати мазори падараш ва ҳамчунин хонааш ба шаҳри Наҷаф рафтааст. Баъди судури амри боздошти Муқтадо Садр дар миёни солҳои 2006-2007, ӯ барои иқомат ба Эрон рафт.
XS
SM
MD
LG