Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро толибилмонро бозпас оварданд?


Донишҷӯёни бозгашта дар фурудгоҳи Душанбе

Донишҷӯёни бозгашта дар фурудгоҳи Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, пас аз даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон, сар аз моҳи ноябри соли 2010 то ҳоло ба сурати умум зиёда аз 1 500 толибилми тоҷик, ки дар мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, бо Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи онҳо, ин толибилмон бо роҳҳои ғайрирасмӣ ва бе огаҳии Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Миср, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Туркия ва Судон сафар ва дар таълимгоҳҳои динии ин кишварҳо таҳсил мекардаанд.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафи бозпас хондани толибилмон танзими таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои динии хориҷ аз кишвар аст. Онҳо меафзоянд, дар ҳоли ҳозир наздик ба 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар чунин муассисаҳои таълимӣ ба таври қонунӣ таҳсил мекунанд.

Аммо ба қавли таҳлилгарони тоҷик, ҳадафии аслии бозпас овардани ҷавонон аз мадориси исломии хориҷӣ, ба ҷуз аз нигаронии ҳукумати Тоҷикистон дар баробари гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, гурӯҳҳои ифротӣ ва терористӣ, боз ҷанбаҳои дигар низ дорад.

Навории видеоии радиои «Озодӣ» дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунад:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG