Пайвандҳои дастрасӣ

Ду муттаҳам ба қатли милисаҳои қирғизро куштанд


Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, маъмурони амниятӣ дар амалиёте ду муттаҳам ба қатли се корманди пулисро дар як рустои наздики шаҳри Бишкек куштанд. Як узви гурӯҳи махсуси Алфа ҳам дар ин амалиёти имрӯза дар рустои Бешқунғай ҳалок шудааст. Зорилбек Русалиев, вазири умури дохилаи Қирғизистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, яке аз муттаҳамон дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ин се нафар, рӯзи сешанбе се корманди пулисро ҳангоми таҳқиқи санадҳояшон дар хонае дар шаҳри Бишкек куштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG