Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаноатмандиҳо ва нигарониҳо аз рӯйдодҳои Рашт


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз идомаи амалиёт дар водии Рашт изҳори нигаронӣ кардааст, вале яке аз фармондеҳи пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик, Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, акнун ба минтақа сулҳу амният хоҳад омад.

Ҳодисаи ахири Руноби Рашт, ки мунҷар ба кушта шудани фармондеҳи собиқи иттиҳоди мухолифони собиқ Алии Бедакӣ ва ҳафт тан аз ҳамроҳони вай шуд, вокунишҳоеро дар маҳофили сиёсии кишвар ба бор овардааст.

Мирзохӯҷа Аҳмадов аз натоиҷи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар деҳаи Рунови Рашт истиқбол карда, гуфтааст, аз байн бурдани гурӯҳи Алии Бедакӣ барои кишвар сулҳ ва оромӣ хоҳад овард.

Ҷаноби Аҳмадов дар сӯҳбат бо хабаргузории «Азия плюс» гуфтааст, ки ӯ шахсан дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи Алии Бедакӣ ширкат накардааст.

Ба гуфтаи вай, яке аз аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ дар ҷараёни ин амалиёт захмӣ ва тавассути нерӯҳои интизомӣ зинда дастгир шудааст ва дар айни ҳол дар боздоштгоҳи шӯъбаи минтиқавии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар водии Рашт нигоҳ дошта мешавад. Дар айни ҳол ва тавассути хадамоти амниятӣ пурсуҷӯ мешавад.

Вай дар хотима афзудааст: «касоне, ки мехоҳад барои манофеи хоҷагони хориҷии худ вазъи минтақаи моро ноором кунад, сарнавиши Алӣ ва ҳамроҳонаш, онҳоро интизор аст.»

Аммо як намояндаи аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, аз вазъи феълӣ ва идомаи таҳаввулот дар Рашт ва махсусан ҳанӯз ҳам боздошт нашудани Мулло Абдуллоҳ нигарон аст.

Саидумар Ҳусайни, муовини раиси ҲНИТ ва ҳамзамон вакили парлумони кишвар аз он изҳори ташвиш мекунад, ки баъд аз кушта шудани Алии Бедакӣ низ амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар водии Рашта таҳти шиори ҷустуҷӯи Мулло Абдулло метавонад, ки идома дошта бошад.



Ӯ мегӯяд, баъд аз кушта шудани гурӯҳи Алоуддин Давлатов, вазъи амниятии минтақаи Рашт ҳанӯз норавшан боқӣ мемонад.

Ӯ афзуд, аз он ҳарос дорам, ки таҳти шиори мубориза бо гӯрӯҳи Мулло Абдулло, ки ман ба ҳузури ӯ шубҳа дорам, мақомот метавонанд дигар ашхоси барои баъзе доираҳои ҳукуматӣ номатлубро муҷозот кунанд.
XS
SM
MD
LG