Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳодияи Аврупо ба даъвати Эрон посух надодааст


Як сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, иттиҳодия ҳанӯз ба даъвати Эрон барои боздиди сафиронаш аз таъсисоти ҳастаии Эрон посух надодааст, вале мӯътақид аст, ки чунин бозрасӣ бояд аз тарафи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ анҷом шавад. Майкл Менн сухангӯи Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт:" Мо номаеро аз тариқи сафирамон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дарёфт кардем. Аммо мехоҳем таъкид кунем, тафтиши таъсисоти атомии Эрон вазифаи Оҷонси Байналмилалии Энержии атомист. " Ҷумҳурии Исломӣ, як рӯз пеш аз сафирони шуморе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро барои боздид аз таъсисоти атомиаш даъват кард. Қарор аст, ахири ҳамин моҳ, намояндагони Бритониё, Чину Фаронса, Русия, Амрико ва Олмон бо мақомоти Эрон доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар гуфтӯгу кунанд.
XS
SM
MD
LG