Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти вазирони умури хориҷаи Эрону Ироқ


Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири муваққати умури хориҷаи Эрон, зимни боздидаш аз Бағдод имрӯз гуфт, кишвараш омода аст, муносибот бо ҳукумати нави Ироқро дар тамоми арсаҳо тақвият диҳад. Алӣ Акбар Солеҳӣ гуфт, бо Ҳушёр Зибарӣ, ҳамтои ироқиаш, масъалаи ҳузури гурӯҳи Муҷоҳиддини Халқро баррасӣ, кардааст, ки Эрон хоҳони рондани он аз қаламрави Ироқ аст. Ҳушёр Зибарӣ гуфт, “пешниҳодоти хубе барои поён додан ба ин масъала шудааст”, вале ин гуфтаро шарҳ надод. Гурӯҳи Муҷоҳиддини Халқи Эрон дар солҳои 80-ум дар канори Ироқ алайҳи Эрон ҷангидааст. Баъди суқути режими Саддом Ҳусайн дар ҷанг ба раҳбарии Амрико дар Ироқ, муносиботи Эрону Ироқ, ки шиъамазҳабон дар ҳарду аксариятро ташкил медиҳанд, гарм шуд, вале ҳузури он гурӯҳ дар Ироқ, мояи нороҳатии Эрон аст.
XS
SM
MD
LG