Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди вазири умури хориҷаи Эрон аз Ироқ


Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири муваққати умури хориҷаи Эрон, ба хотири тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз ба Ироқ сафар кард. Баъди савганди расмӣ ёд кардани ҳукумати Ироқ баъд аз нӯҳ моҳи бунбасти сиёсӣ, сафари нахустини Алӣ Акбар Солеҳӣ, аввалин сафари як мақоми расмии Эрон ба Ироқ аст. Эрону Ироқ солҳои 80-ум ҳашт сол бо ҳам ҷангида ва ҳарду тараф садҳо ҳазор нафарро талаф додаанд. Баъди суқути режими Саддом Ҳусайн дар ҷанг ба раҳбарии Амрико дар Ироқ, муносиботи Эрону Ироқ, ки шиъамазҳабон дар ҳарду аксариятро ташкил медиҳанд, гарм шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG