Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон аз ҳамлаҳои террористӣ ҷилавгирӣ кардаанд


Мақомоти Афғонистон имрӯз гуфтанд, нерӯҳои амниятӣ бо боздошти ҳафт ситезаҷӯ аз ду ҳамлаи бузург ҷилавгирӣ кардаанд. Луфулло Машъал сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Афғонистон гуфт, панҷ тан аз ин тундравон қасд доштаанд, Муҳаммад Қосим Фаҳим, муовини раиси ҷумҳури Афғонистонро бикушанд. Ӯ замони боздошти ин афродро эълом накард, аммо гуфт, онҳо дар фурсати кӯтоҳе пеш анҷоми ҳамла дастгир кардаанд. Ба гуфтаи Лутфулло Машъал, ду тундрави дигар ба тарҳрезии бомбгузориҳои интиҳорӣ дар назди кохи раёсати ҷумҳур ва дигар маҳалҳои Кобул муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG