Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими дафни раиси вилояти Панҷоб баргузор мешавад


Дар Покистон имрӯз Салмон Тосир, раиси вилояти Панҷобро, дафн мекунанд, ки рӯзи сешанбе дар як сӯиқасд кушта шуд. Салмон Тосир, узви баландпояи Ҳизби Мардумӣ ва аз дастёрони наздики Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистонро, дар шаҳри Исломобод як муҳофизаш бо тири туфанг ба қатл расонд. Бино ба гузоришҳо, ба ин фард андешаҳои Салмон Тоссир хуш наомадааст, ки тарҳи Қонун дар мавриди куфргӯӣ дар Покистонро ошкоро интиқод кард. Ин қонун барои тавҳин ба ислом дар Покистон ҳукми қатл муқаррар кардааст. Маросими дафни Салмон Тосир имрӯз дар шаҳри Панҷоб баргузор мешавад ва нерӯҳои амниятии Покистон ҳам тадобири амниятиро дар инҷо тақвият додаанд.
XS
SM
MD
LG