Пайвандҳои дастрасӣ

Синни издивоҷ дар Тоҷикистон тағйир ёфт


Дар Тоҷикистон аз ин пас издивоҷи духтарони 17-сола мамнӯъ аст, агарчӣ баъзе аз онҳо дар ҳолатҳои истисноӣ чунин иҷозаро хоҳанд дошт. Кодекси нави оила дар Тоҷикистон, ки сар аз соли нав ҳукми иҷро гирифт, синни издивоҷи духтаронро 18 сол таъйин кардааст. Барои нақзи ин қонун, аз ҷаримаҳои бузург то 5 соли зиндон муқаррар шудааст. Мақомоти Тоҷикистон яке аз омилҳои афзоиши талоқ дар кишварро никоҳҳои барвақтӣ медонанд. Дар зарфи 5 соли гузашта дар Тоҷикистон, теъдоди талоқҳо аз 2900 тақрибан ба 6 ҳазор расидааст. Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар гузашта аз давлати Тоҷикистон хоста буд, синни никоҳро боло барад.
XS
SM
MD
LG