Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари охирин шоҳи Эрон худкушӣ кард


Алиризо Паҳлавӣ
Алиризо Паҳлавӣ

Алиризо Паҳлавӣ, дуввумин фарзанди писари Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ, охирин шоҳи Эрон, субҳгоҳи чаҳоруми январи соли 2011-и мелодӣ, дар манзили маскунии худ дар шаҳри Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зиндагии худ хотима дод.

Вебсайти расмии Ризо Паҳлавӣ бо интишори иттилоияе бо имзои Ризо Паҳлавӣ, Фараҳ Паҳлавӣ, Фараҳноз Паҳлавӣ , Ёсуман Паҳлавӣ, Нур Паҳлавӣ, Эмон Паҳлавӣ зимни эъломи ин хабар навиштааст : « Шодравон, ҳамчун миллионҳо ҷавони эронӣ, аз ончи, ки ба нораво ба меҳани азизаш мегузашт, сахт озурда ва ғамгин буд ва низ ҳеҷ гоҳ хотираи дардноки марги падар ва хоҳари азизаш, ӯро раҳо накард.»

Дар ин иттилоия ҳамчунин изофа шудааст: «Бисёр кӯшид, ки ба гунае бар ин бӯҳрони даруни ғолиб ояд, дареғо, ки муваффақ нашуд, то ин, ки саранҷом дар субҳгоҳи чаҳоруми январи соли 2011 дар манзили маскунии худ дар шаҳри Бостони Амрико ба зиндагии худ хотима дод ва ҳама хонавода ва дӯстонашро дар ғами амиқ фурӯ бурд.»

Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре аз марги Алиризо Паҳлавӣ мунташир нашудааст.

Алиризо Паҳлавӣ, дар 28-уми апрели соли 1966 ба дунё омада дар донишгоҳи Ҳорвард дар риштаи эроншиносӣ таҳсил карда буд. Вай дувумин фарзанди Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ аст, ки бо худкушӣ, ба зиндагии худ поён медиҳад. Шоҳдухт Лайло Паҳлавӣ нӯҳ сол қабл дар меҳмонхонае дар Лондон, бо истифода аз доруҳои хобовар, даст ба худкушӣ зада буд.

Муҳаммадризо Паҳлавӣ, шоҳи фақиди Эрон дар 27 –уми июни соли 1980-и мелодӣ дар бемористоне дар Қоҳира даргузашт ва дар ҳамон шаҳр дафн шуд.

Фараҳ Дебо, савумин ва охирин ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ буд, ки дар авохири солҳои панҷоҳуми қарни гузашта бо шоҳи Эрон издивоҷ кард. Нахустин фарзанди писари онҳо Ризо як сол пас аз ин издивоҷ ба дунё омад. Баъдҳо боз се фарзанди дигар ба номҳои Фараҳноз, Алиризо ва Лайло ба дунё омаданд.
XS
SM
MD
LG