Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дониши имомхатибони Қирғизистонро месанҷанд


Дар Қирғизистон тамоми имомхатибони масоҷид, имтиҳон хоҳанд дод, то маълум шавад, ки сазовори ин мақом ҳастанд ё на? Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, аттестатсияи имомхатибон бахше аз барномаи васеъи ислоҳоти ҳукумат дар муфтиёти Қирғизистон аст. Раҳматулло Эгамбердиев, намояндаи муфтиёт гуфт, дигар аз ҳадафи санҷиши дониши имомхатибон, тақвияти назорати Шӯрои рӯҳониёни Қирғизистон бар имомҳо дар маҳалҳост, ки бино ба гузоришҳо, бисёре аз онҳо амрҳои муфтиётро нодида мегирифтаанд. Дар Қирғизистон ҳам теъдоди масоҷид аз теъдоди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG