Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Кумитаи 29-и сентябр", ки чаҳор моҳ пеш аз сӯи чанд созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақил ташкил шуда буд, фаъолияти худро расман қатъ кард. Ин тасмим аз сӯи таъсисдиҳандагони он гирифта шуд, ки мегӯянд, эътилоф вазифаи хешро анҷом дод.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, Нуриддин Қаршибоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоди муваққатӣ бо номи "Кумитаи 29-и сентябр" пас аз анҷоми рисолаташ пароканда эълон шуд. Ин ниҳод дар авҷи душворҳиои кори нашрияҳои мустақил ва торнамоҳо барои коҳиши фишор ба расонаҳои ҳамагонӣ таъсис ёфта буд.

Ҷаноби Қаршибоев мегӯяд, дар муддати фаъолияти кумита чопи се нашрия - «Нигоҳ», «Пайкон» ва «Фараж», ки ба сабабҳои номаълум ва ғайриқонунӣ мутаваққиф шуда буданд, дубора нашр шуданд.



Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, фаъолияти ду сомонаи интернетии Тоҷикистон - Авеста ва Тоҷнюс ва се торнамои хориҷӣ, аз ҷумла Tjk.news, Fergana.ru ва Centrazia.ru низ комилан роҳандозӣ гардид. Дар ҳоле, ки фаъолияти ин сомонаҳо масдуд шуда буд.

Масъулони Кумитаи 29-и сентябр мегӯянд, ки ҳарчанд фаъолияташро қатъ кардааст, аммо созмонҳои шомили он, минбаъд низ барои рушди озодии баён ва фаъолияти муназзами расонаҳо талош хоҳанд кард.

Кумитаи 29-и сентябр пас аз вуқӯъи ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар таърихи 19 сентябри соли гузашта , ки ба кушта шудани 25 афсару сарбоз ва ҷароҳат бардоштани 15 тани дигар мунҷар гардид, таъсис ёфта буд.

Зеро ба таъкиди дастандаркорони ин иқдом, пас аз пӯшиши ин воқеа ва ҳаводиси шарқи Тоҷикистон дар нашрияҳои мустақил, дар нашри шумораҳои минбаъдаи «Нигоҳ», «Пайкон» ва «Фараж» мушкил пеш омад ва муддате ҳам чопи онҳо тавассути чопхонаҳо мутаваққиф гардид. Ҳамин тавр чанд сомонаи интернетӣ низ масдуд шуд.

Ҷаноби Қаршибоев қатъи фаъолияти нашрияҳои мустақилро ба пахши матолиби интиқодӣ аз ҳаводиси Рашт, махсусан танқиди вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев вобаста медонад. Аммо раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо таваҷҷӯҳ ва вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус САҲА ва кишварҳои хориҷӣ, омили фаъолияти муназзами расонаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ва ба ин васила рушди озодии баён дар ҷомеа гардид.

Ҳамзамон Нуриддин Қаршибоев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти давлатӣ дар ин муддат барои рафъи мушкилоти мавҷуд ҳамкорӣ накарданд ва ҳатто ба суолҳои мо посухе ҳам надоданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG