Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Эрон бархе аз дипломатҳои Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаиро барои боздид аз таъсисоти ҳастаии ин кишвар даъват карданд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон изҳор намуд, ки миёни даъватшудагон, дипломатҳои кишварҳои узви доимии Шӯрои амнияти СММ низ ҳастанд

Намояндагони бархе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои дар ҳоли рушд ҳам ба Эрон даъват шудаанд.

Аз Натанз киҳо дидан мекунанд?

Оқои Меҳмонпараст дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, “иқдоми ҷадиди даъват аз сафирони кишварҳои мухталиф барои боздид аз муассисаҳои ҳастаии кишварамон бори дигар ҳусни нияти кишвари моро дар робита ба ин ҳамкорӣ ва сулҳомез будани фаъолиятҳои мо нишон медиҳад”.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин Ҳонг Лей тайъид кард, ки дипломатҳои кишвар барои боздид аз муассисаҳои ҳастаии Эрон даъват шудаанд ва аммо аз тафсилоти бештар худдорӣ намуд.

Намояндаи вазорати умури хориҷии Маҷористон, ки раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, низ дарёфти даъватномаи Теҳронро тасдиқ кард ва аммо гуфт, ки ин пешниҳодро бо дигар кишварҳои узв ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон баррасӣ мекунад. Намояндаи Комиссиюни Аврупо дар МАГАТЭ, ҳамчунин дипломатҳои Русия, Куба ва Миср ҳам таъйид карданд, ки ба Эрон даъват шудаанд.

Теҳрон аз даъвати мунаққидон худдорӣ кард

Ва аммо Ромини Меҳмонпараст дар посух ба суоле, ки оё намояндаи Амрико ҳам барои дидани муассисаҳои ҳастаии Эрон даъват шудааст, гуфт, рӯйхати кишварҳои даъватшуда баъд аз хатми таҳияи он пешниҳод хоҳад шуд. Ва аммо манбаъҳои дипломатӣ дар МАГАТЭ мегӯянд, ки ба рӯйхат дипломатҳои ИМА, Фаронса ва Бритониё – мунаққидони аслии барномаи ҳастаии Эрон дар Шӯрои амнияти СММ ва ҳамчунин намояндаҳои Олмон шомил нашудаанд.

Филип Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико иқдоми Теҳронро як амали тарғиботӣ хонд ва афзуд, ки “ин сафари ғароибу пурмуаммо... ҷойгузини он амале нахоҳад шуд, ки Эрон бояд аз он кор бигирад ва ба таври зичу ошкор бо МАГАТЭ ҳамкорӣ намояд”.

Як манбаъ ба хабаргузориҳои ғарбӣ гуфтааст, ки қарор аст дипломатҳо аз нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр ва ба корхонаи ғанисозии ураниум дар Натанз дидан кунанд.

Сафари тарғиботӣ дар арафаи музокироти Истамбул?

Алӣ Асғар Султонӣ, сафири Эрон дар Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ба хабаргузории ИСНА гуфт, ки сафари дипломатҳо ба Эрон рӯзҳои 15 ва 16 январ, яъне қабл аз шурӯъи давраи навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар шаҳри Истамбули Туркия сурат мегирад. Музокироти Эрон бо панҷ кишвари узви доимии СММ ба изофаи Олмон бояд охирҳои ҳамин моҳ баргузор шавад ва аммо санаи дақиқи он ҳанӯз маълум нест.

Даври аввали музокирот рӯзҳои 6-7-уми декабри соли гузашта дар Женева баргузор шуда буд ва он, ба гуфтаи коршиносон, гоми кӯчаке буд дар роҳи ҳалли баҳсу тулонӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон, ки ҳадафи ниҳоии он, аз нигоҳи кишварҳои ғарбӣ, дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаист. Ва аммо мақомоти Эрон пайваста таъкид мекунанд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.

МАГАТЭ: Теҳрон ба таври кофӣ ҳамкорӣ намекунад

Шӯрои амнияти СММ чаҳор бор алайҳи Эрон таҳримҳо эълон карда ва талаб намудааст, ки ғанисозии ураниумро қатъ кунад. Нозирони таслиҳотии МАГАТЭ пайваста аз таъсисоти ҳастаии Эрон дидан мекунанд ва аммо Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ҳамкориҳои Теҳронро нокофӣ мешуморад.

Бори ахир чаҳор сол пеш дипломатҳои кишварҳои узви “Гурӯҳи 77” ва Лигаи кишварҳои араб аз корхонаи ҳастаии канори шаҳри Исфаҳон дидан карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG