Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи Вошингтон ва Брюсел аз тасмими Минск


ИМА ва Итиҳодияи Аврупо аз тасмими мақомоти Белорус барои қатъи мандати намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Минск изҳори таассуф карданд. Дар изҳороти муштараки Вошингтон ва Брюсел гуфта шудааст, ки нозирони САҲА ба интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Белорус баҳои манфӣ доданд. "Ин маънои онро дорад, ки Белорус ба таҳкими сохторҳои демократӣ ниёз дорад ва САҲА дар ин кишвар маҳз дар ҳамин самт талош меварзид", омадааст дар изҳорот.
Аз ин пеш Литва, ки аз якуми январ раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш дорад, аз сарпечии мақомоти Белорус барои тамдиди мандати намояндагии созмон дар Минск изҳори нигаронӣ карда буд.
Чанд рӯз қабл Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, борони қаҳру ғазабро ба рӯи гузориши интиқодии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар робита ба интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус рехта буд.
XS
SM
MD
LG