Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмонпараст: Талошҳои Берлин натиҷаи акс хоҳанд дод


Теҳрон ба мақомоти Олмон ҳушдор дод, ки маъракаи раҳоии ду хабарнигори нашрияи Bild am Sonntag метавонад натиҷаи акс дошта бошад. Ба гуфтаи Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, Берлин набояд ба ин мавзӯъ ҷомаи сиёсӣ пӯшонад.
Ду хабарнигори нашрияи Bild am Sonntag тирамоҳи соли гузашта дар ҳоле боздошт шуданд, ки бо писари Сокина Оштиёнӣ, хонуми эронии барои зино ба сангсор маҳкумшуда мусоҳиба мекарданд. Теҳрон онро дар фаъолияти бидуни иҷоза дар қаламрави Эрон муттаҳам мехонад.
Ҳафтаи гузашта сад тан аз афроди маъруфи Олмон дар як нома унвонии ҳукумати Эрон хостории раҳоии ду хабарнигори олмонӣ шуда буданд. Зери нома, аз ҷумла, вазири умури хориҷии Олмон Гуидо Вестервелле, вазири молия Волфганг Шаубе, вазири дифоъ Карл Гуттенберг, ҳамчунин узви садорати Федератсиони байнулмилалии футбол Франс Беккенбауэр, раиси Шӯрои исломии Олмон Аоӣ Кизикава, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Герта Мюллер имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG