Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон барои се рӯз мотам эълон шуд


Дар Покистон дар робита ба куштори волии Панҷоб Салмон Таъсир барои се рӯз мотам эълон шудааст. Мансабдори воломақом ҳадафи тири муҳофизаш қарор гирифт. Дар тирпарронӣ баъд аз сӯиқасд панҷ нафар ҷароҳат бардоштанд.
Қотили волӣ боздошт шудааст. Ба гуфтаи Раҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон, қотил иқрор кардааст, ки ба волӣ барои пуштибонияш аз нармтар кардани қонун дар бораи тавҳини ислом нафрат дошт.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳалокати Салмони Таъсирро "талафоти бузург барои Покистон” номид. Филип Крулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА низ бо ин арзёбӣ мувофиқ аст. Ӯ гуфт, ки "аз нигоҳи мо, ин марг – талафоти бузург аст. Ӯ барои он мубориза мебурд, ки мардум ва ҳукумати Покистон ба сулҳ ва эътидол дар кишвар муваффақ шаванд".
Намояндагони расмии дигар кишварҳо, аз ҷумла, Бритониё ҳам аз ҳалокати волии Панҷоб изҳори таассуф кардаанд.
XS
SM
MD
LG