Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико даъвати Эронро "музҳик" номид


Амрико даъвати бархе сафирони Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ барои боздиди аз таъсисоти ҳастаии Эронро даъвате “музҳик” номид. Номи сафири Амрико дар феҳрасти даъватшудагон нест.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст гуфт, ин ҳайъат сафирони чанде аз қудратҳои ҷаҳонии дахил дар музокироти барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон дар чаҳорчӯби гурӯҳи “5 + 1”–ро низ дар бар гирифта, ин даъват баёнгари ҳусни нияти Эрон аст. Меҳмонпараст афзуд, ин сафар қабл аз шурӯъи музокироти поёни моҳи ҷории ин гурӯҳ бо Эрон дар Истамбул сурат хоҳад гирифт. Гурӯҳи “5 + 1” аз Амрикову Фаронсаву Бритониё, Русияву Чин ва Олмон иборат аст.
XS
SM
MD
LG