Пайвандҳои дастрасӣ

Як қулларо дар Қирғизистон ба номи Путин мегузоранд


Бо қарори сарвазири Қирғизистон Алмосбек Ҳотамбоев яке аз қуллаҳои ин кишвар ба номи сарвазири Русия Владимир Путин гузошта мешавад. Акнун ин қарор барои тасвиби ниҳоӣ ба парлумон ироа шуда, дар сурати ризоияти парлумон, як қуллаи 4500-метрӣ дар вилояти шимолии Чуй “Қуллаи Владимир Путин” ном хоҳад гирифт. Дар Қирғизистон як қулларо алакай ба номи раҳбари пешини Русия Борис Елтсин гузошта буданд. Матбуоти Русия дар тавсифи Путин, ки гоҳ дар биёбону гоҳ пушти чанбари фармони ҳавопаймо зоҳир мешавад, аз муболиға ҳам ҳазар намекунад, вале маълум нест, ки оё ӯ ба фатҳи қуллаи ба номи худаш қасд хоҳад кард ё хайр.
XS
SM
MD
LG