Пайвандҳои дастрасӣ

Алии Бедакӣ ва 7 ҷангии дигар кушта шудаанд


Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, фармондеҳи мухолифини мусаллаҳи давлат дар водии Рашт Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ҳамроҳ бо 7 тан аз ёронаш дар як даргирӣ дар рустои Руноб(Рунов)-и ноҳияи Рашт кушта шуданд. Муҳаммадҷон Нарзиев, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке дигар аз ёрони Алии Бедакӣ дар амалиёти Руноб дастгир шудааст. Ӯ афзуд, дар ин амалиёт нирӯҳои давлатӣ талафот надодаанд.
Амалиёти зидди гурӯҳи таҳти раҳбарии Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло Раҳимов, яке дигар аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Рашт, аз моҳи сентябр идома дошт. Имрӯз қаблан эълон шуд, ки амалиёти таъқиби ин гурӯҳ дар кӯҳистони Рашт аз сар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG