Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрон алайҳи сиёсӣ кардани қазияи 2 олмонӣ


Вазорати хориҷаи Эрон алайҳи маъракасозӣ ба манзури раҳоии ду хабарнигори дар Эрон боздоштшудаи олмонӣ ҳушдор дод. Сухангӯи ин вазорат Ромини Меҳмонпараст гуфт, Олмон бояд аз “сиёсӣ” кардани қазия худдорӣ кунад. Ин ду хабарнигор қариб 3 моҳ пеш замоне боздошт шуданд, ки ба хотири анҷоми мусоҳиба бо писари Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ ба Табрез рафтанд. Оштиёнӣ бо ҷурми хиёнат ба шавҳар ва куштор ба эъдом аз роҳи сангсор маҳкум шудааст. Эрон мегӯяд, ин ду нафар бо визаҳои сайёҳӣ вориди ин кишвар шуда, худро расман ҳамчун хабарнигор сабти ном накардаанд.Рӯзи якшанбе 100 нафар аз шахсиятҳои маъруфи Олмон, бо шумули соҳибкорону вазирон ва ситораҳои варзиш дар як муроҷиат Эронро ба раҳоии ин ду хабарнигор даъват карданд.
XS
SM
MD
LG