Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Панҷоб дар Исломобод кушта шуд


Пулиси Покистон мегӯяд, волии вилояти Панҷоб имрӯз бар асари як ҳамла дар Исломобод кушта шуд. Ҷузъиёти қазия ҳанӯз рӯшан нест, вале бино ба хабарҳо, мошини ҳомили Салмон Таъсир ҳангоми гузаштан аз назди як фурӯшгоҳ ҳадафи тирборон қарор гирифт. Бино ба гузоришҳои телевизионӣ, Таъсир дар ин ҳамла ҷароҳатҳои вахим бардошта, дар бемористон даргузашт. Ӯ узви аршади ҳизби ҳокими мардумии Покистон буд. Ин ҳизб ба дунболи хуруҷи муттаҳиди умдааш аз эътилофи ҳоким ба буҳрони бузурги сиёсӣ дучор шудааст.
XS
SM
MD
LG