Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти зидди ҷангиён дар Рашт аз сар гирифта шуд


Бино ба хабарҳо, дар минтақаи Руноби ноҳияи Рашт нирӯҳои давлатӣ бо як гурӯҳи мусаллаҳ вориди даргирӣ шудаанд. Олим Одилов, аз афроди наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифин дар минтақа, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи амалиёт гурӯҳи таҳти раҳбарии Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ будааст.
Бо ин ҳол, мақомоти расмӣ аз ташреҳи ин хабар худдорӣ мекунанд. Тоҳир Норматов, раҳбари ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба ИТАР-ТАСС бидуни ироаи кадом ҷузъиёт фақат гуфтааст, ки амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шарқи кишвар имрӯз аз сар гирифта шуд ва дар ноҳияи Рашт амалиёти таъқиби аъзои ин гурӯҳҳо идома дорад.
Душанбе масъулияти нооромиҳои ахир дар водии Раштро бар дӯши гурӯҳҳои таҳти раҳбарии Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло Раҳимов, яке дигар аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Рашт, бор мекунад. Амалиёти зидди ин гурӯҳҳо аз моҳи сентябр ба ин сӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG