Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба иттилои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, ҳувияти ҳама кушташудагон дар амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ дар деҳаи Руноби ноҳияи Рашт ошкор шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ҳамаи кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ба ин тартиб, дар миёни кушташудагон сокинони ноҳияи Рашт Алоуддин Давлатов (Алии Бедакӣ), Муртазобек Лоиқов ва Шараф Намозов, сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмуд Шукуров, сокини ноҳияи Турсунзода Фазлиддин Эшов ва истиқоматкунандагони ноҳияи Исфара Бахтиёр Қиронов ва Нурмаҳмад Абдулҳақов ҳастанд.

Яке аз аъзои гурӯҳи дастаи Алии Бедак дар ҷараёни амалиёт зинда дастгир шудааст.

Нерӯҳои интизомӣ ҳамчунин аз маҳалли ҳодиса миқдори зиёди аслиҳа, ба шумули 10 мусалсали Калашников, ду пулемёт, як гранатамёт ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангиро кашф ва мусодира намудаанд.

Кушта шудани Алии Бедакӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифони тоҷик, Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба «Алии Бедакӣ» ва 7 шарики ӯ дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои давлат дар деҳаи Руноби ноҳияи Рашт кушта шудаанд.

Ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ корманди дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Назриев тасдиқ кард ва афзуд, якҷо бо Давлатов 7 шарики дигари ӯ низ кушта ва як нафар боздошт шудааст.



Пештар сардори ситоди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Тоҳир Норматов баргузории амалиёти ҳарбиро дар водии Рашт тасдиқ кард, аммо аз нақли ҷузъиёт худдорӣ намуд. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, се мошини боркаш нерӯҳои давлатро ба деҳаи Руноб интиқол додаанд.

Субҳи имрӯз нерӯҳои марбут ба Вазорати дифоъ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳавлиеро дар деҳаи Руноби водии Рашт ба муҳосира гирифта, ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Дар ин бора Олим Одилов, яке аз наздикони Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ба радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, амалиёт замоне шурӯъ шудааст, ки дар бораи дар ин манзил паноҳ бурдани 9 нафари мусаллаҳ иттилоъ расидааст.

Ба гуфтаи ӯ :«Субҳи имрӯз хабар расид, ки афроди мусаллаҳ дар оғилхонае дар деҳаи Руноб паноҳ бурдаанд. Баъд аз расидани ин хабар нерӯҳои муштараки ниҳодҳои давлатӣ ба ин маҳал рафтанд ва хабари расида таъйид шуд».



Ҷаноби Одилов мегӯяд, шумори афроди мусаллаҳ 9 нафар тахмин зада мешавад, ки дар натиҷаи амалиёт як нафари онҳо зинда боздошт ва боқӣ ҳама кушта шудаанд. Вале сарчашмаҳои дигар шумори дастгиршудагонро 4 нафар мегӯянд.

Моҳи ноябри соли гузашта торнамои "Daily Motion" навори видеоиеро нашр кард, ки дар он афроди мусаллаҳ дар кӯҳистони сербарф тасвир ёфта, дар титри аввали навор гуфта мешавад, ин "гурӯҳи муҷоҳидони Алии Бедакӣ ё Аловуддин Давлатов мебошад, ҳангоми убур аз кӯҳсор дар моҳи ноябри соли 2010".

Навори видеоӣ, зоҳиран, тавассути телефони ҳамроҳ ва бо кайфияти начандон хуб дар баландкӯҳи сербарф наворбардорӣ шудааст. Дар он 6-7 нафареро дидан мумкин аст, ки дар даст силоҳ, аз ҷумла як мушакандоз ва як пулемёт, дар китф борхалтаҳо ва дар сар кулоҳҳои афғонии "факул" доранд. Аммо онҳо ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва аз маҳалҳое ном мебаранд, ки дар Тоҷикистон воқеъанд.

Дар ҳамон рӯзҳо буд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон аз тақрибан анҷом ёфтани амалиёти нерӯҳои ҳукумат ва маҳв шудани гурӯҳҳои пайкорҷӯ дар Рашт гузориш доданд, вале гуфтанд, Вазорати дифои Тоҷикистон дар шарқи кишвар барои тамрини аскарону афсаронаш маркази доимии тамринӣ ташкил медиҳад.

Амалиёти нерӯҳои ҳукумат алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов дар шарқи Тоҷикистон дар нимаи дуввуми моҳи сентябр ва пас аз он, ки дар пайи ҳамлаи ғофилгиронае 28 сарбози вазорати дифоъ дар дараи Камароб кушта ва 14 тани дигар захмӣ шуданд, оғоз ёфт. Мақомот мегӯянд, ки дар ҷараёни ин амалиёт 20 тан аз пайкорҷӯён низ ба ҳалокат расидаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG