Пайвандҳои дастрасӣ

Умедворӣ ба музокироти барномаҳои ҳастаии Пхенян


Фиристодаи Амрико дар умури Кореяи шимолӣ изҳори умед кард, ки “музокироти ҷиддӣ” пиромуни барномаи ҳастаии Пхенян ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд. Қарор аст, Стивен Босворф, ки имрӯз ба Сеул расид, қабл аз сафари Чину Ҷопон бо мақомоти вазорати хориҷии Кореяи ҷанубӣ мулоқот кунад. Ҳадафи сафари Босворф баҳси роҳҳои ҳалли буҳрони Корея аст. Шиллики тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ ба як ҷазираи Кореяи ҷанубӣ дар моҳи ноябр, ки 4 кушта ба ҷо гузошт, ва даъвояш дар мавриди вуҷуди як корхонаи то ҳол номаълуми ғанисозии уран мояи афзоиши нигарониҳо шудааст. Интизор меравад, дар ҳафтаи оянда вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс низ аз Сеул дидан кунад.
XS
SM
MD
LG