Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифтани Офтоб имрӯз мушоҳида шудааст


Имрӯз гирифтани қисмии Офтоб аз шимоли Африқо оғоз шуда, дар давоми рӯз ба бахши аъзами Аврупову Русия, Қазоқистону Муғулистон ва шимолуғарби Чин густариш ёфт. Ин нахустин гирифтани қисмии Офтоб дар соли ҷорист. Ин падида замоне рух медиҳад, ки Моҳ байни Офтобу Замин қарор бигирад.
Дар ҷараёни гирифтани қисмии Офтоб як бахши он аз назарҳо нопадид мешавад. Ситорашиносон мегӯянд, имрӯз бузургтарин мавриди гирифтани Офтоб дар Шветия мушоҳида шуда, дар онҷо 85 фоизи рӯи Офтоб пӯшонда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG