Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсати Литва дар САҲА оғоз ёфт


Аудрониус Азубалис, вазири хориҷаи Литва, ки раёсати давраии САҲА-ро бар ӯҳда дорад, гуфт, раҳбариаш аз машварати роҳҳои ҳифзи идомаи фаъолияти ин созмони мӯътабари минтақаӣ дар Беларус шурӯъ шудааст. Азубалис аз инки мақомоти Беларус маъмурияти дафтари САҲА дар Минскро тамдид накарданд, изҳори “таассуфи амиқ” кард. Ӯ гуфт, САҲА “машваратҳои ғайрирасмӣ ба хотири ахзи як тавофуқи барои ҳамаи ҷонибҳо қобили қабулро оғоз кардааст.”
Замони маъмурияти дафтари САҲА дар Минск рӯзи 31 декабр ба поён расид, вале Беларус дар пайи интиқоди нозирони САҲА аз интихоби ахири раёсати ин ҷумҳурӣ аз тамдиди замони маъмурияти ин дафтар даст кашид.
XS
SM
MD
LG