Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як пулиси афғон дар инфиҷори Кобул


Таркиш дар Кобул, пойтахти Афғонистон, як пулисро кушта ва се нафари мулкиро захмӣ ба ҷо гузошт. Пулис мегӯяд, халтаи ҳомили маводи мунфаҷира дар наздикии як пул гузошта шуда буд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ҳадафи ҳамла чӣ буд. Оғоҷон, як шоҳиди ҳодиса аммо дар бораи захмӣ шудани 4 нафар хабар дод. САДО Кобул аз замони иттихози тадобири шадиди амниятӣ дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи сентябр шоҳиди ҳамлаҳои камтар шуда буд. Дар моҳи гузашта, бар асари ҳамлаи ду ҷангии тасмаҳои тарканда дар тан ба як автобуси афсарони артиш, 5 нафар кушта ва 9 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG