Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон сафиронро ба таъсисоти ҳастаияш даъват кард


Эрон имрӯз таъйид кард, ки бархе аз сафирони Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, мақараш дар Венаро даъват кардааст, то аз таъсисоти ҳастаияш боздид кунанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст гуфт, ин ҳайъат сафирони чанде аз 6 қудрати ҷаҳониро, ки дар музокироти барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон дар чаҳорчӯби гурӯҳи “5 ҷамъи 1” ширкат доранд, низ дар бар мегирад. Ӯ афзуд, қарор аст, ин сафар ҳанӯз қабл аз шурӯъи музокироти ин гурӯҳ бо Эрон дар Истамбул, ки дар поёни моҳи равон барномарезӣ шудааст, доир шавад. “5 ҷамъи 1” 5 узви доимии Шӯрои Амният – Амрикову Бритониёву Фаронса ва Русияву Чин- ва Олмонро фаро мегирад.
XS
SM
MD
LG