Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори аспҳо дар ВУДТ ба 50 сар расонда мешавад


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон(ВУДТ) мехоҳад, то поёни сол шумори аспҳои хидматиашро аз 15 сари феълӣ ба 50 сар бирасонад. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи солҳои охир истифода аз сагҳо ва аспҳои хидматӣ барқарор шуда, истифодаи милисаҳои савора дар як силсила чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла дар рӯзи таҷлил аз Соли нав муассирияти онҳоро нишон додааст. САДО
Воҳиди вижаи милисаи савора дар як воҳиди нирӯҳои дохилии Тоҷикистон ташкил шуда, сагҳои хидматӣ дар ниҳодҳои дигари интизомӣ, аз ҷумла дар ниҳодҳои гумрукиву марзбонӣ ва Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор доранд.
XS
SM
MD
LG