Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозот барои тавзеъи адабиёти динӣ шадидтар шудааст


Муҷозот барои тавзеъи адабиёти мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз соли нав шадидтар шудааст. Бар асоси тағйирот ба Қонуни ҷиноӣ, ки аз 1 январ ба ҳукми иҷро даромад, тавлид, воридоту содирот ва тавзеъи адабиёти мазҳабӣ бидуни анҷоми ташхиси лозим барои афроди оддӣ - аз 1050 то 1750 сомонӣ, барои мансабдорон – аз 1750 то 3500 сомонӣ ва барои ширкатҳову идораҳо – аз 3500 то 7000 сомонӣ ҷаримаро дар пай хоҳад дошт.
Дар сурати такрори айни қонуншиканӣ дар зарфи як сол, ҳаҷми ҷарима барои муҷрим то 2 маротиба бештар шуда, ҳамин тавр, ҷарима барои таъсиси чопхонаи махсуси нашри адабиёти мазҳабӣ аз 7000 то 10500 сомонӣ таъйин шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин авохир дар роҳи тавзеъи адабиёт ва наворҳои мазҳабӣ ва ҳам таҳсили толибилмони тоҷик дар мадориси мазҳабии хориҷӣ як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд, ки ба бовари таҳлилгарон, аз нигарониҳои Душанбе аз мизони афзояндаи мазҳабишавии ҷомиа бармеояд.
XS
SM
MD
LG