Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи боз як махфигоҳи силоҳ дар шарқи Тоҷикистон


Дар шарқи Тоҷикистон боз як махфигоҳи аслиҳа кашф шудааст. Мақомоти умури дохила аз махфигоҳе дар рустои Замбӯраки ноҳияи Тавилдара як мусалсали Калашников, 43 гулӯлаи норинҷакандоз, ду дастгоҳи мухобирот ва зери 2 000 тири автомату пулемёт мусодира кардаанд. Ҳафтае қабл дар бораи кашфи як махфигоҳи силоҳ дар рустои Қарашаҳрии ноҳияи Рашт гузориш шуда буд. Бино ба омори овардаи хабаргузории “Азия Плюс”, тайи соли 2010 дар Тоҷикистон 866 мил аслиҳа, бо шумули 201 мусалсал, 130 туфангча, 184 камон, 81 норинҷакандоз ва 462 адад маводи мунфаҷира, бо шумули норинҷак, кашф ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG