Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун баъди 36 сол боз дар курсии волии Калифорния нишаст


Волии нави аёлати Калифорнияи ИМА Ҷеррӣ Браун расман ба ифои вазифа шурӯъ кард. Зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ ӯ аз вазъи хароби буҷаи аёлат ёдовар шуд. Касри буҷаи аёлат айни ҳол 19 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ба гуфтаи волии нав, моҳҳои наздик рушди иқтисодиро наметавон интизор шуд ва тайи якуним соли оянда шояд касри буҷаи Калифорния то 28 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Ҷеррӣ Браун дар мақоми волии Калифорния ҳунарманди маъруфи синамо Арнолд Швартсенегерро иваз кард, ки тайи ҳафт соли ахир раҳбарии аёлатро бар ӯҳда дошт.
Зимнан, Ҷеррӣ Браун 36 сол пеш ҳам волии Калифорния интихоб шуда буд. Соли 1975 ӯ 36 сол дошт ва ҷавонтарин волии Калифорния шурӯъ аз солҳои 50-уми қарни 19 маҳсуб мешуд. Ҳоло Ҷеррӣ Браун 72 сол дорад ва кӯҳансолтарин волӣ дар Амрикост.
XS
SM
MD
LG