Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо дар Русия идома хоҳанд кард


Имрӯз дар Маскав пикетҳо ба хотири пуштибонӣ аз сиёсатмадорони маҳкум ба ҳабси маъмурӣ идома хоҳад кард. Сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат Эдуард Лимонов, Константин Косякин, Иля Яшин ва Борис Немтсов барои ширкат дар ҳамоиши рӯзи 31 декабр дар майдони Триумфалнаяи Маскав аз 5 то 15 рӯзӣ маҳкум ба зиндон шуданд.
Имрӯз ҳамчунин 14 нафаре, ки дирӯз дар пикетҳои пуштибонӣ аз сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат ширкат доштанд, мавриди муҳокимаи додгоҳ қарор мегиранд.
ИМА боздошти даҳҳо мухолифини сиёсӣ дар Русияро танқид кард. Намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Филипп Кроулӣ ба зарурати арҷгузории Русия ба арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла, озодии баён ва ҳамоиш таъкид кард ва афзуд, ки таъмини озодии баён ба манфиати худи Русия аст.
XS
SM
MD
LG