Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Теҳрон барои дидани муассисаҳои ҳастаии Эрон


Русия, Чин, Иттиҳодияи Аврупо ва ҳампаймонҳои он аз ҳисоби кишварҳои араб ва мамолики дар ҳоли рушд барои дидани муассисаҳои ҳастаии Эрон даъват шудаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳои ғарбӣ, намояндаи Эрон дар музокироти байнулмилалӣ оид ба масоили ҳастаӣ Алӣ Асғар Султонӣ даъватномаҳоро ба намояндагони ин кишварҳо дар Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ фиристодааст.
Охирҳои моҳи январ дар Истамбул даври навбатии музокироти Эрон бо панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон шурӯъ мешавад. Даври аввали ин музокирот дар Женева ноком поён ёфта буд – Теҳрон ба баррасии мавзӯъи даст бардоштанаш аз ғанисозии ураниум розӣ нашуд.
Кишварҳои ғарбӣ Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва аммо мақомоти Эрон пайваста мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG