Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳром Амирӣ дар маҳбаси Теҳрон аст?


Донишманди физикаи ҳастаии Эрон Шаҳром Амирӣ чанд муддат боз дар маҳбаси Теҳрон ба сар мебарад. Дар ин бора сомонаи интернетии Iranbriefing.net.хабар додааст.
Моҳи июли соли 2010 Амирӣ аз ИМА ба Эрон баргашт ва изҳор намуд, ки ӯро ҳангоми зиёрат аз ҷойҳои муқаддаси Арабистони Саудӣ кормандони хадамоти ҷосусии Амрико рабуданд. Ба гуфтаи донишманд, Хадамоти Марказии кашфи Амрико талош намуд, ки аз ӯ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон иттилоъ бигирад ва аммо Амирӣ тавонист, ки фирор кунад. Ҷониби Амрико мегӯяд, ки Амирӣ бо хадамоти кашф ҳамкорӣ намуд ва барои ин 5 миллион доллар ҳам дарёфт кард.
Дар хабари сомонаи интернетии Iranbriefing.net.гуфта шудааст, ки баъд аз бозгашт ба Эрон Шаҳром Амирӣ муддате дар ҷойи амн панаҳ ёфт ва сипас ӯро ба маҳбас интиқол доданд, ки он ҷо пайваста лату кӯб мешавад.
Сомона мансуби Бунёди Iranbriefing аст, ки худро "созмони ғайритиҷоратии ҳомии ҳуқуқи башар" ном мебарад.
XS
SM
MD
LG