Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Миср чораҳои нави амниятӣ меандешанд


Мақомоти Миср дар арафаи таҷлили Мавлуди Масеҳ аз сӯи калисои ортодокс дар рӯзи 7 январ чораҳои амниятиро дар кишвар таҳким мебахшад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31 декабр бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори калисои Ал-Қидиссин Александрия дасти кам 21 нафар кушта ва тақрибан 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум гардид. Масъулияти ҳамла ба масеҳиёни Мисрро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури Миср, рӯзи якшанбе дар як паёми телевизионӣ ҳамла ба калисоро маҳкум намуд ва афзуд, дар ин ҳамла нерӯҳои берунае даст доранд, ки мехоҳанд вазъ дар Мисрро ноором кунанд.
Масеҳиён тақрибан 10 дар сади аҳолии Мисри асосан мусалмоннишинро ташкил медиҳанд.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, мақомоти Фаронса ҳам чораҳои амниятӣ ба хотири дифоъ аз масеҳиёни мисриро тақвият мебахшанд. Мақомоти полис таҳдиди ҳамлаи террористӣ ба масеҳиёни мисриро, ки аз тариқи Интернет паҳн шудааст, тафтиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG