Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти раиси ҷумҳури Покистон аз нахуствазири ин кишвар


Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, мегӯяд, бо вуҷуди бӯҳрони сиёсӣ дар ҳукумат ба нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ, эътимоди комил дорад. Осиф Алӣ Зардорӣ, дар баёнияе гуфтааст, алайҳи “ҳар талоше барои бесубот кардани ҳукумати эътилофӣ” дар канори нахуствазир хоҳад буд. Пештар аз ин Юсуф Ризо Гелонӣ, ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони сиёсӣ бо раҳбарони мухолифини давлат гуфтӯгу кард. Баъди он ки Ҳаракати муттаҳида қавмии Покистон дуввумин ҳизби бузурги сиёсӣ, ҳукумати эътилофиро тарк кард, нахуствазир ба мушкил дучор шуд. Покистон дар ҳоле ба бӯҳрони сиёсӣ рӯ ба рӯст, ки ҷанг бар зидди Толибонро идома медиҳад ва аз паёмадҳои обхезиҳои харобиоваре, ки ба 20 миллион нафар осеб расонд, ба худ наёмадааст.
XS
SM
MD
LG