Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи Чин аз як дастоварди бесобиқаи илмӣ


Ба гузориши матбуоти Чин, олимони кишвар як усули нави коркарди сӯхти атомиро кашф кардаанд, ки имкон медиҳад, нерӯгоҳҳои атомии Чин се ҳазор сол бо сӯхт таъмин бошанд. Телевизиони давлатии Чин гуфт, усули мазкур баъди 24 соли пажӯҳиш кашф шудааст ва иҷоза медиҳад, сӯхти ҳастаиро чанд дафъа истифода кунанд. То кунун гуфта мешуд, ки захираҳои ураниуми Чин барои 70 соли оянда кофист. Иштиҳои Чин ба энержӣ сол то сол меафзояд ва ин кишвар нигарон буд, ки барои нерӯгоҳҳои нави барқи атомиаш сӯхти кофӣ нахоҳад ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG