Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи интиқодот аз қонуни нави матбуоти Маҷористон


Бо ҳукми иҷро гирифтани қонуни баҳсбарангези матбуот дар Маҷористон, ду рӯзномаи мӯътабар эълом карданд, ки озодии матбуот дар Маҷористон хотима ёфт. Ҳамзамон бо соҳиб шудани Маҷористон ба раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзи якуми январ, ин қонун низ ҳукми иҷро гирифт. "Непсзабадсаг" дар саҳифаи аввалаш бо 27 забони расмии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, “озодии матбуот дар Маҷористон хотима ёфт”. Рӯзномаи “Непсзава” Иттиҳодияи Аврупоро ба дифоъ аз озодии матбуот дар Маҷористон даъват кардааст. Бар асоси қонуни нав, як ниҳоди нави тобеъи ҳизби ҳокими Маҷористон ҳукм мекунад, ки то куҷо расонаҳо меъёрҳои ахлоқӣ ва объективии хабарнигориро риоят кардаанд. Ҳукумат мегӯяд, қонуни мазкурро нодуруст фаҳмидаанд ва интиқод аз он беасос аст.
XS
SM
MD
LG