Пешвоёни мухолифини давлат дар Русия ва дигар шахсиятҳои шинохта ҳабси Борис Немтсов, яке аз мунтақидони шинохтаи Кремлро маҳкум карданд. Борис Немтсовро, рӯзи 2 январ бо гуноҳи нофармонӣ ба пулис дар тазоҳуроти эътирозӣ дар остонаи соли нав ба 15 рӯзи зиндон маҳкум карданд. Эдуард Лимонов, Константин Косякин ва Иля Яшин дигар аз пешвоёни мухолифин низ аз 5 то ба 15 рӯзи зиндон маҳкум карданд. Анатолий Чубайс, муовини собиқи нахуствазири русия ва Сергей Митрохин, раиси ҳизби либералии Яблоко ҳабси ин афродро дорои ангезаҳои сиёсӣ хондаанд. Онҳо дар як тазоҳурот барои озодии гирдиҳамоӣ дар Маскав боздошт шуданд.