Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи сафари омӯзгорони алифбои форсӣ ба Эрон


Парвози ҳудуди 70 омӯзгори алифбои форсӣ, ки қарор буд имрӯз ба Эрон сафар анҷом диҳанд, бидуни шарҳи пешакӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҷилавгирӣ шудааст. Бино ба иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, субҳи имрӯз барои гусели омӯзгорони тоҷик ба Эрон бо кӯшиши сафорати Эрон дар Тоҷикистон як ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он вазири маорифи Тоҷикистон суханронӣ кард ва роҷеъ ба аҳамияти омӯзиши алифбои ниёкон таъкид кард. Аммо ҳангоми омодагирӣ ба парвоз дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз сафари омӯзгорони алифбои форсӣ ҷилавгирӣ шудааст. Аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки роҷеъ ба иллати ҷилавгирӣ аз парвози омӯзгорон иттилое надоранд. Вазорати маорифи Тоҷикистон низ доир ба ин масъала изҳори назар накардааст.
XS
SM
MD
LG