Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон ҳафт қочоқбарро ба дор овехтаанд


Дар Эрон ҳафт нафарро, ки дар қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста шудаанд, ба дор овехтанд. Матбуоти расмии Эрон, ҳуввияти ин афродро ошкор накардааст, вале мегӯяд, ҳукми қатли онҳо дар вилояти Кирмоншоҳ иҷро шудааст. Додситонҳо мегӯянд, тамоми ҳафт нафар дар ҳифзу фурӯши маводи мухаддир гунаҳкор дониста шудаанд. Дар Эрон рӯзи шанбе низ ҳашт нафари дигарро низ бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир қатл кардаанд.
XS
SM
MD
LG