Пайвандҳои дастрасӣ

Грэҳем:"Дар Афғонистон пойгоҳҳои доимии ИМА ташкил шаванд"


Сенатори ҷумҳурихоҳ Линдсей Грэҳем мегӯяд, мавҷудияти пойгоҳи доимии низомии Амрико дар Афғонистон ба нафъи амнияти минтақа хоҳад буд ва нерӯҳои афғонро дар муқобила бо шӯришиён кӯмак хоҳад кард.

Сенатори ҷумҳурихоҳи Линдсей Грэҳем, ки хати маши Амрикоро назорат мекунад , мегӯяд, ки Вашингтон хоҳони равобити қавӣ ва дарозмуддат бо Афғонистон мебошад то мутмаин шавад, ки ин кишвар бори дигар ба лонаи террористон мубаддал нашавад.

Гузориши Асошиэтед Пресс меафзояд, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико низ дар ин авохир ишораҳое дар мавриди ҳузури дароозмуддат ва қавии Амрико дар Афғонистон дошт, аммо ҳеҷ тафсилоте дар ин бора ироа накард.

Сенатор Грэҳем дар мусоҳибаи НБС гуфтааст, ки аз мақомоти амрикоӣ мехоҳад, ки дар бораи пойгоҳҳои доимӣ дар Афғонистон андеша кунанд.

Сенатор Линдсей Грэҳем мавзӯи пойгоҳҳои доимӣ дар Афғонистонро дар ҳоле матраҳ мекунад, ки тибқи стратегияи низомии раиси ҷумҳур Обама дар Афғонистон, нерӯҳои амрикоӣ қарор аст имсол хуруҷ аз Афғонистонро оғоз кунанд ва то соли 2014-и мелодӣ масъулияти амнияти ин кишварро ба нерӯҳои афғон бисупоранд.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҷанг алайҳи шӯришиён дар Афғонистон пешрафтҳое дорад, аммо дастовардҳо собит ва мустаҳкам намебошанд.

Нерӯҳои ҷаҳонӣ ба раҳбарии НАТО рӯзи якшанбе аз кушта шудани як сарбози дигари худ дар ҷануби Афғонистон хабар доданд. Бо марги ин сарбоз шумори талафоти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз оғози соли нави мелодӣ, ки имрӯз саввуми он аст, ба се нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG