Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Терминатор Калифорнияро ба дигар кас "таслим мекунад"


Арнолд Шварсеннегер, ки ҳафт сол губернатори иёлати Калифорния буд, имрӯз аз мақомаш хоҳад рафт. Ӯ ки солҳои 2003 ва 2006 ду маротиба губернатор интихоб шуд, қудратро ба Ҷеррӣ Бровн, намоянда аз Ҳизби Демократ месупорад. Калифорния яке аз бузургтарин иёлатҳои Амрико, бо иқтисоди бузурге ҳоло гирифтори мушкилоти молии зиёд аст. Арнолд Шварсеннегери 63-сола, ситораи синамо ва қаҳрамони филмҳои Терминатор доир ба барномаҳои ояндааш чизе нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG