Пайвандҳои дастрасӣ

Ду марзбони тоҷик дар Шӯрообод кушта шуданд


Мақомоти расмӣ имрӯз гуфтанд, ду марзбони тоҷик аз тири қочоқбарони маводи мухаддир кушта шудаанд. Бархӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарон дар минтақаи Шӯробод дар ҷануби Тоҷикистон ва аввали ҳафтаи гузашта ба вуқӯъ пайвастааст. Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни даргирӣ бо гурӯҳи бузурги қочоқбарон, чархболҳои низомӣ ба ҳимояти марзбонони тоҷик омадаанд ва чанд тан аз қочоқбарон низ кушта шудаанд. Минтақаи Шӯробод, яке аз мавзеъҳои осонгузари марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, ки қочоқбарон аз он зиёд истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG